Ифтитоҳи маркази бачагонаи рассомӣ
Душанбе, 5.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –Ғанизода Ҷамшед-ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки донишкада навтаъсис буда, дар заминаи шуъбаи рассомии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таъсис ёфта, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.Раванди таълим ва низоми машғулиятҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муқарраргардида, аз рӯи 21 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Роҳбарияти донишкада ният дорад, ки онро то соли 2015 ба 27 ихтисос расонад. Шумораи умумии донишҷӯён 187 нафарро ташкил медиҳад, ки 89 нафараш дар факултети санъати тасвирӣ таҳсил намуда, аз онҳо 41 нафараш духтарон мебошад. Дар факултети дизайн 99 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 10 нафар донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм карданд. Дар нимсолаи аввал дар донишкада шуъбаи тайёрӣ ва маркази бачагонаи рассомӣ ташкил ёфта, бо ҷалби довталабон фаъолияти худро оғоз намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






