Иштироки Сарвари давлат дар чорабини идонаи «Сайри харбуза» ва «Иди асал»

Август 23, 2014 12:11

Душанбе, 23.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳри Хуҷанд омад.Чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Дар ин майдони фарох дар масофаи қариб як километри кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд кишоварзони зарофар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анвои гуногуни харбуза, маҳсулоти замбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи намоишгоҳ бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти ҳамаи соҳаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи матлубот ва Иттиҳодияи «Хӯрокворӣ»-и вилоят ва соҳибкорони шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.Дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза» кишоварзони 10 шаҳру ноҳияи вилоят ва «Иди асал» — Ассотсиатсияҳои замбӯрпарварони вилоят ва 12 шаҳру ноҳия бо дастовардҳои худ иштирок намуданд.Ба «Иди асал» 15 тонна маҳсулоти соҳа, аз ҷумла навъҳои гуногуни асал, прополис ва ғайра бо банду баст тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида пешниҳод гардид.Дар ҷойи баргузории «Иди асал» хаймаҳо, нуқтаҳои гирифтани асал, ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.Тавре зикр гардид, аз соли 2005 ба ин сӯй, яъне аз давраи қабули барномаи давлатии рушди парвариши занбӯри асал шумораи оилаҳои замбур, адади замбурпарварон ва ҳаҷми маҳсулоти он қариб ду баробар афзудааст.Ба «Сайри харбуза» зиёда аз 20 навъи ин маҳсулоти шаҳдбор, 5 навъи тарбуз ва 10 навъи каду пешниҳод шуд.Дар ҷойи баргузории «Сайри харбуза» пирамида, хаймаҳо, чайла, катҳои миллӣ, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, маҳсулоти аз харбуза коркардшуда дар маъраз буд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаровони маҳсулоти асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лӯбиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ аст, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол ба сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб қудрати содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад. Аз ҷумла зикр гардид, ки Тоҷикистон метавонад дар бозори ҷаҳонии асал ва меваю сабзавот, аз ҷумла бо зардолу ва олуи сиёҳи хушк, мавизи кишмиш, харбуза, ангур, помидору бодиринг, пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгоҳи намоён дошта бошад.Дар доираи баргузории «Сайри харбуза» озмун ва мусобиқаҳо бо шарту шароити шавқовар гузаронида шуд. Аз ҷумла озмуни зуд хӯрдани харбуза миёни ҷавонон басо ҷолиб буд. Бозии шавқовари дигар бо тарбузу харбуза шашкабозӣ кардан буд, ки дар он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок намуд.Устодони санъати вилоят ва ҷавонону наврасони ҳаваскор намоиши ҷолиби фарҳангӣ пешкаш намуданд.Ба намоиш-фурӯш зиёда аз 50 номгӯй маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми қариб 300 тонна ворид гардид. Танҳо тарбузу харбуза беш аз 50 ҳазор дона буд. Ҳамаи ин маҳсулот бо нархҳои 50-60% аз бозор арзон ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуд.Барои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд, ки ба намоишгоҳ омаданд, оши палаву дигар хӯрокҳои миллӣ омода шуда буд, ки ҳама ба таври ройгон ба мардум пешниҳод шуд.

Август 23, 2014 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт