Истеҳсоли таблофаршҳо дар Суғд
Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо доктор Абдуллоҳ Аҳрорӣ — мушовир ва пажуҳишгар аз шаҳри Машҳади кишвари Эрон вохӯрд.
Мулоқот дар доираи амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои марказии мақомоти иҷроия — эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла қолинбофӣ дар вилоят сурат гирифта, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкории тарафайн бо мутахассисони эронӣ ҷиҳати рушди ин ҳунари сердаромад дар Суғди бостон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Доктор Абдуллоҳ Аҳрорӣ яке аз мутахассисони беҳтарини соҳаи қолинбофӣ дар Эрон мебошад, ки алҳол дар 6 донишгоҳи олии қолинбофии ин кишвар, аз ҷумла донишгоҳҳои Биржанди вилояти Хуросони ҷанубӣ, Ардакони вилояти Язд ва Бужнурди вилояти Хуросони шимолӣ дарс мегӯяд ва дар 15 донишгоҳи дигар ба ҳайси мушовир фаъолият дорад.
Мутахассиси эронӣ доир ба нақшаҳои фаъолият дар вилояти Суғд ва ҳамкориаш бо маркази таълимию истеҳсолии «Шероз» ҳарф зад. Доктор Абдуллоҳ Аҳрорӣ ният дорад истеҳсоли таблофаршҳоро дар минтақа ба роҳ монад, ки аз намудҳои маъмулии қолинбофӣ ба ҳисоб мераванд ва дар бозори ҷаҳонӣ серхаридоранд. Бо ин мақсад намунаи бастаҳои ашёи тайёрро барои истеҳсоли таблофаршҳо, ки аз ресмонҳои тайёри рангкардашуда ва нақшу нигор иборатанд, ба роҳбари вилоят муаррифӣ намуд. Зимнан, истеҳсоли таблофаршҳоро метавон дар 2 моҳ азхуд кард.
Ҷонибҳо асосан ба истеҳсоли қолинҳои абрешимӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки аз ҷиҳати сифат олӣ ва дар бозори хориҷӣ низ нархи баланд доранд. Масалан, як метри мураббаи қолини абрешимиро метавон бо нархи аз се то панҷ ҳазор доллар барои муштариёни хориҷӣ пешниҳод намуд.
Ҳадафи асосии мутахассиси эронӣ ҳар сол ба вилоят дастрас намудани 10 ҳазор чунин бастаи тайёри маводи гилембофӣ ва бо ин васила таъмин намудани ҳамин миқдор мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кор бевосита дар хонаҳояшон мебошад.
Зимни мулоқот ҳамзамон масъалаҳои рушди истеҳсоли абрешим дар вилоят, тавсеаи фаъолияти маркази таълимии «Шероз» ва таъсиси донишгоҳи қолинбофӣ дар Суғд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Роҳбари вилоят афзуд, ки имрӯз дар вилоят ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ диққати хосса зоҳир мешавад. Иқдоми эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфтааст ва барои рушди соҳа қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ низ ба тавсиб расидааст.
Худи ҳамин рӯз мутахассиси эронӣ Абдуллоҳ Аҳрорӣ як миқдор бастаҳои ашёи аввалияро ба маркази таълимию истеҳсолии «Шероз» дастрас намуд. Таъкид гардид, ки арзиши як баста ашёи аввалия, ки барои истеҳсоли як таблофарш пешбинӣ шудааст, то 100 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Нархи як таблофарши омодашуда аз 300 доллар зиёд аст ва он ба бозори содиротӣ роҳ хоҳад ёфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






