“Кӯкнор-2014” дар ду вилоят натиҷа дод
Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар охири моҳи августи соли 2014 аз тарафи гурӯҳҳои фаврии раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ дар натиҷаи аз назар гузаронидани қитъаҳои наздизаминӣ ва хоҷагиҳои деҳаи Бунии ҷамоати Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон парвариши банги ҳиндӣ ба миқдори 3 ҳазор бех ниҳол дар масоҳати 0,2 га ошкор гардид. Ҳамаи ниҳолҳо бо роҳи сӯзонидан нобуд шуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, худи ҳамон рӯз дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи кормандони раёсати АНМН дар вилояти Суғд тақрибан 30 ҳазор бех ниҳоли банги ҳиндӣ ошкор ва нобуд карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






