Кӯлоб: 1 ҳазору 20 толору майдончаҳои варзишӣ

Август 11, 2014 10:42

Кӯлоб, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш ва рушди тарбияи ҷисмонӣ дар минтақаи Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон соҳаи варзиш рушд карда, толору майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор гирифта истодаанд.Бино ба иттилои мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб Зайниддин Давлатов то имрӯз дар минтақа 1 ҳазору 20 толору майдончаҳои варзишӣ бо 52 ҳазору 739 ҷои нишаст фаъол гардонида шудааст , ки 240 нафар устодон ва мураббиҳо ба шогирдон аз рӯи 20 намуди варзиш машқу тармим медиҳанд. Аз шумораи толору майдончаҳои варзишӣ 938 иншоот давлатӣ , 82 иншоот ҷамъиятӣ мебошад. Ба иттилои масъулин дар нимсолаи аввал дастовардҳои варзишгарони минтақаи Кӯлоб нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб зиёд гардидааст.

Август 11, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид