Кӯшиши муштарак пеши роҳи “вабои аср”-ро гирифт

Август 23, 2014 10:34

Душанбе, 23.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-   Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштарак бо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон боз як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро безарар гардониданд. Кормандони фаврии ин ниҳод кӯшиши интиқоли миқдори махсусан калони маводи нашъаоварро аз давлати ҳамсоя ба Федератсияи Русия пешгирӣ намуданд. Дар натиҷаи амалиёти байналмиллалии бисёрмарҳила, ки якчанд моҳ давом ёфт, аз рӯи усули “интиқоли назоратшаванда” фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиро, ки хислати байналмиллалӣ дошт, қатъ намуданд. Дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовари навъи ҳашиш мусодира гардида, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон боздошт гардиданд.
Кормандони фаврии ин ниҳод дар қаламрави шаҳри Душанбе мошини тамғаи “ Mercedes-Benz ” таҳти идораи зода ва сокини ноҳияи Фархор, якҷоя бо мусофири он — сокини ҳамин ноҳия боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии мошин 77 дона бастаи маводи ҳашиш бо вазни 100 кг-ро дарёфт намуданд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ боз як аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша — сокини 53-солаи вилояти Тахори Афғонистон дастгир гардид.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Бо мақсади ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша қарор карда шуд, ки гурӯҳи байналмиллалии тафтишотӣ созмон дода шавад. Ин дуюмин амалиёт дар давоми як моҳи охир мебошад.

Август 23, 2014 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст