Конфронси омӯзгорони Хатлон
Қӯрғонтеппа, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – 28 август дар литсейи президентии ноҳияи Бохтар конфронси анъанавии омӯзгорон баргузор шуд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханрониаш иштирокдорони конфронсро бо оғози соли нави таҳсил муборакбод намуда, ба омӯзгорон барои меҳнати поквиҷдононашон изҳори сипосгузорӣ кард.
Раиси вилоят иброз дошт, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ ба рушди иҷтимоиёти кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва қисми зиёди маблағҳои буҷа барои рушди соҳаи иҷтимоӣ сарф мешаванд.
Дар мавриди бунёди иншоотҳои соҳаи маориф зикр шуд, ки солҳои охир ба сохтмони иншоотҳои илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, шумораи мактабҳои муосир меафзояд.
Дар конфронс ҳамчунин зикр шуд, ки бояд корхонаҳои маҳаллӣ дар бунёди иншоотҳои бахши маориф саҳм гузоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






