Конибодом: омӯзиши қоидаҳои муҳоҷирати бехатар

Август 27, 2014 11:33

Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-    Дар асоси нақшаи ҳамкории муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» 25 августи соли 2014 дар шаҳри Конибодом   корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар радифи намояндагони Раёсат ва ТҶ «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон», намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо мусоидат намуданд.
Дар чорабиниҳо, пеш аз ҳама, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, моҳияти тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират ва аҳамияти гирифтани полиси суғуртавӣ ба шаҳрвандон фаҳмонида шуданд.
Тавре ки аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират  иттилоъ доданд, дар вохӯрии мазкур зиёда аз 70 нафар фаъоли шаҳри Конибодом иштирок намуд.
 
 

Август 27, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад