Корҳои бунёдкорӣ дар қисми низомии 3502-и РҚД ВКД
Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).-Бо мақсади шиносоӣ ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қисми низомии 3502-и РҚД ВКД, вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳамроҳии роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ, генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев аз он ҷо дидан намуд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар як муддати кӯтоҳ корҳои сохтмонии асосӣ пурра ба анҷом расида, танҳо рӯйпӯш кардани роҳҳо боқӣ мондааст, ки он ҳам то пагоҳ ба анҷом расонида мешавад.
Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба меҳнат ва сифати кори сохтмончиён баҳои баланд доданд. Зикр намудан ба маврид аст, ки толори маҷлисгоҳ, казарма, ошхона, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ, бинои вохӯрии сарбозону афсарон бо пайвандонашон ва дигар иншооти хизматрасонӣ ба таври замонавӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудаанд.
«Таваҷҷуҳ зоҳир намудан ва беҳбудӣ бахшидан ба шароити хизматии афсарону сарбозони қисмҳои низомии Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ- ин далели ғамхорӣ ва дастгирии ҷавонону родмардони Ватан мебошад, ки имрӯз хизмати Модар-Ватанро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Раҳимзода дар якчанд соли охир садҳо бинову иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ аз он самаранок истифода мебарад. Бунёд ва сохтмони иншооти хизматрасонӣ- ин идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар кишвар сол аз сол вусъат меёбад», — хабар медиҳад манбаъ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






