Корҳои ободонӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Кормандони корхонаи фаръии давлатии хоҷагии комуналии ш.Кӯлоб ҳамарӯза аз рӯи нақшаи тасдиқгардидаи корхонаи мазкур корро ба роҳ монда, барои тоза намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр нақши назаррас мегузоранд.Ба гуфти директори корхонаи мазкур Абдухолиқ Лоиқов дар мувозинати муассиса 16 техника фаъолият дошта, 11 тои он дар ҳолати хуби корӣ мебошанд.Мувофиқи иттилои масъулини соҳа дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 15 ҳ 900 метри кубӣ партовҳо аз дохили кӯчаю маҳаллаҳо ва муассисаю ташкилотҳо кашонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб қарор доранд.Мавриди зикр аст, ки дар корхона 153 нафар коргар ба кор ҷалб гардидааст, ки аз ин шумора 91 нафарашон занҳо мебошанд. Гуфта мешавад, ки бо беҳтар гардидани шароити корӣ ва сари вақт маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб вазъи хизматрасонӣ ру ба беҳбудӣ оварда , шароити кории кормандони соҳа дар самти кашонидани партовҳо ва тоза нигаҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо беҳтар шудааст.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






