Корхонаи нави тавлиди регу шағал
Шуғнон, 4.08.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон корхонаи нави регу шагалбарорӣ ба фаъолият оғоз кард. Раиси нохияи Шуғнон Азиз Ғиёев дар маросими ифтитоҳи ин корхонаи истеҳсолӣ ширкат дошт ва аз кори коргарон изҳори каноатмандӣ намуд.Азиз Ғиёев иброз дошт, ки кишвари мо ба чунин корхонаҳои тавлидотӣ ниёзи зиёд дорад ва аз ин ру ҳукумати ҷумҳурӣ барои он соҳибкороне, ки ба мақсади бунёди корхонаи истеҳсолӣ ба кишвар таҷҳизот ворид месозад, як қатор имтиёзҳо низ муқаррар намудааст.Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Панҷ», ки раҳбарии онро соҳибкор Насриддин Сабзалиев бар дӯш дорад, кӯшиш мекунад, то шумораи корхонаҳои истеҳсолии ин ҷамъиятро афзун гардонад. Ҷамияти «Панҷ» чанд сол пеш дар ин мавзеъ корхонаи хурди регу шагалбарорӣ сохта буд, ки дар соат ҳамагӣ 25 куб масолеҳ тавлид мекард. Ба гуфтаи директори генералии ин корхона Диловар Шогузанфаров бо боло рафтани талабот ба ин намуди масолеҳи бинокорӣ ҳоло иқтидори корхона ба 75 куб расонда шуд. Номбурда арз дошт, ки дар бунёди ин корхона тоҷирони эронӣ бо ихтисос додани маблағ дар шакли қарз саҳм гузоштаанд.Масъулини корхона бовар доранд ки баъди ду ё се сол қарзи мазкурро пурра пардохт хоҳанд кард. ҶДММ «Панҷ» ҳамчунин дар шаҳри Хоруғ ду корхона, ки яке ҳасиб ва дигаре оби минералӣ истеҳсол мекунад, бунёд намуда, даҳҳо нафар аз сокинони шаҳрро ба кор ҷалб кард.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






