«Корвони китоб» аз Суғд ба Бадахшон рафт
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 12 то 19 августи соли равон бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанг ва аҳли илму адаб аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд «Корвони китоб» сафар кард. Ҳаракати «Корвони китоб» 12 август дар маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки намояндагони илму адаби шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ, 13 август дар шаҳри Истаравшан бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон, Ғончӣ, Зафаробод, 14 август дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Спитамен, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, 15 август дар шаҳри Чкаловск, 16 август дар шаҳрҳои Қайроққум, Ашт, Исфара, 17 август дар шаҳри Конибодом дар сатҳи баланд анҷом ёфт. Муассисаҳои давлатии «Бибколлектор» 317 нусха, «Бибтехника» 36319 нусха, «Муаллифҳо» 2966 нусха, «Хонаи китоби Тоҷикистон» 200 нусха, нашриётҳои «Адиб» 3507 нусха, «Ирфон» 921 нусха, «Энсиклопедия» 242 нусха, «Адабиёти бачагона» 60 нусха, «Бебок» 250 нусха, «Истиқбол» 204 нусха, «Афсона» 11 нусха, «Истеъдод» 246 нусха китоб ва бибтехникаро дар ин сафар ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.Маъракаи мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, масъулони «Корвони китоб» бо муассисаву корхонаҳои шаҳрҳои Қайроққум, Чкаловск, ноҳияи Спитамен, китобхонаи бачагонаи вилоятии Ҳуҷанд, Раёсати вилояти Хуҷанд шартномаҳои ғайринақдӣ ба имзо расонданд.Дирӯз, 26 август «Корвони китоб» ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Дар ин бора Раҷаббек Исоев, корманди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд






