Корвони саломатӣ дар Шӯрообод
Шӯрообод, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Таҳти шиори «Фарди солим-пешбарандаи ҷомеаи солим» дар ноҳияи Шӯрообод корвони саломатӣ ташкил шуд, ки тавассути он 18 нафар мутахассиси варзидаи соҳаи тибби минтақаи Кӯлоб дар ҷамоатҳои дурдасти Дашти-Ҷум, Ёл ва Лангардара дар тӯли 4 рӯз беморонро ба таври ройгон аз муолиҷа гузарониданд. Бино ба иттилои сардори раёсати тандурустии минтақа Мирзоалӣ Миралиев солҳои охир бо мақсади беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарори махсус ба тасвиб расид, ки дар пайи иҷрои он тавассути корвони саломатӣ ба беморон хизмати босифати тиббӣ расонида мешавад. Дар ин тадбири муҳим, ки барои ҳифзи саломатии мардум равона гардидааст, табибони баландихтисос. аз ҷумла духтури кӯдакона, силшинос, сироятшинос, дилшинос, мутахассисони марказҳои солимии репродуктивӣ муроҷиаткунандагонро ташхис менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар корвони саломатӣ беш аз 500 нафар шаҳрванд аз муоинаи тиббӣ гузашта, бемории худро муайян намуд. Дар назар аст чунин чорабинӣ дар дигар ноҳияҳо низ гузаронида шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






