Кумаки Маскав ба Украина
Душанбе,12.08.2014 (АМИТ «Ховар»Иброҳими Ҳабибуллоҳ)- Тавере, ки шабакаи интернетии Итар-Тас-Ком менависад дирӯз аз шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскав корвони мошинҳо бо кӯмаки башарӣ сӯи шарқи Украина интиқол дода шуд. Гуфта мешавад, ки дар мошинҳои боркаши корвон барои мардуми вилояти Луҳанск маводи озуқа, дорувор, бистари хоб ва генераторҳои барқӣ мебарад. Душанбе,12.08.2014 (АМИТ «Ховар»)- Дар мудати ду-моҳ теъдоди қурбониёни вабои Эбола дар кишварҳои Африқои ғарбӣ то 1013 нафар расид. Бояд гуфт, ки ба вируси Эбола то имрӯз 1848 нафар мубтало шудаанд аз ин маризӣ шаҳрвандони Гвинея, Либерия, Сиера-Леоне ва Нигерия гирифторанд. Душанбе,12.08.2014 (АМИТ «Ховар»)- Тибқи гузоришҳои шабакаҳои телевизонии Туркия шабаи гузашта Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо ба даст овардани 51,8 дарсади оро дар интихоботи раёсти ҷумҳурӣ ба пирӯзӣ расид.Гуфта мешавад, ки тарафдоронаш дар даст доштани парчамҳои ин кишвар дар кӯчаву хиёбонҳои Анқара ба ҷашну шодмонӣ пардохтанд. Душанбе,12.08.2014 (АМИТ «Ховар»)- Тавре, ки расонаҳои хабарии давлатии Эрон хабар доданд, ҳафтаи равон як ҳавопаймои “АН-140”-и ширкати ҳавопаймоии Sepahan Airlines аз пойтахти кишвар сӯи шаҳри Табас парвоз карда,баъд аз чанд лаҳзаи парвоз сарнишинҳо идораи ҳавопайморо аз даст доданд ва он ба замин сарозер шуд. Ба гуфти мутахассисони соҳаи техники муҳаррики тарафи рости ҳавопаймо аз кор бозмондааст. Ба гуфти хабаргузонрони дохили кишвар халабонҳо дар лаҳзаи ахир тавонистанд, ки ҳавопайморо аз минтақаи аҳолинишин канор баранд ва аз мусофирони ҳавопаймо нӯҳ нафар зинда мондаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






