Кумаки соҳибкорон
Шаҳринав, 01.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Соҳибкорони саховатманди ноҳияи Шаҳринав Ҷӯрабек Сафаров, Абубакр Турсунов мушкилкушои доимии хонандагони мактаб-интернати шаҳраки Шаҳринав ҳастанд. Роҳбари ташкилоти ҶДММ «Манорасохтмон» Алишер Холиқов низ ҳар сол баҳри ободии мактаб-интернат саҳм мегузорад. Соли ҷорӣ бо дастгирии ӯ барои таъмири ҷорӣ ва гузаронидани хати об дар хобгоҳҳо 50 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Бо дастгирии Сӯҳроб Давлатов роҳбари хоҷагии деҳқонии «Фаридун» барои кашидани хати об ба хобгоҳҳо 420 метр қубурҳои обгузар кумак расонда шуд. Ҳамчунин тарбиятгирандагони мактаб-интернат доимо бо тухм ва маҳсулоти гӯштӣ, ки аз ҷониби ҶСШП «Паррандапарвар» дастрас карда мешавад, таъминанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






