М.Бутун: «Бозори Тоҷикистон барои Туркия муҳим аст»

Август 22, 2014 11:52

Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – 20  август  раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  ва  намояндаи Агентии  ҳамкории байналмилалии  «ТИКА» — и  назди  Ҳукумати  Туркия  Мустафо  Бутун  перомуни  рушди  минбаъда  ва таҳкими  ҳамкории  дуҷонибаи  Тоҷикистону  Туркия  табодули  афкор  намуданд.
Мувофиқи  маълумоти  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ,  дар  ҷараёни  мулоқот  аҳамияти  созишномаҳои  имзошуда дар  бораи  ҳамкории  байни  палатаҳо  ва шӯроҳои корчаллонҳои «Тоҷикистон – Туркия» ҳамчунин  байни  Палатаи  савдо  ва саноати  ҶТ ва  Агентии  оид ба  ҳамкории  байналмилалии  «ТИКА» — и  Туркия  ба таври  махсус  зикр  гардид.
Ҳамчунин  масоили  тарбияи   кадрҳои  касбии иқтисодиёти  Тоҷикистон  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд,  ки  тибқи  он Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  феҳрасти самтҳои таҳсили  мутахассисонро  пешниҳод  менамояд. 
Ба  гуфтаи  Мустафо  Бутун, агентии  «ТИКА»  барои  барқарор  шудани равобити  зич  бо  сохторҳои  иқтисодии  Тоҷикистон  саъй  мекунад,  зеро  бозори  Тоҷикистон  барои  Туркия  аҳамияти  бузург  дорад.

Август 22, 2014 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад