М.Давлатов: «Ба назорати дорувор зарурат дорем»

Август 19, 2014 11:39

Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Елена  Батенкова). — Дар  назди  Хадамоти  давлатии дорусозии  ҶТ  шуъбаи  назорати дорувор  таъсис  ёфтааст,  ки  он таъсири   зараровари  баъзе доруҳои  сохти  Тоҷикистонро ошкор  менамояд.  Назар  ба гуфтаи  муовини  роҳбари  хадамоти  мазкур  Маҳмадалӣ  Давлатов, алҳол дар  ҳамаи  кишварҳои  мутараққии   ҷаҳон  чунин  шуъбаҳо  фаъолият  доранд.
«Мо  ба  рушди  чунин  шуъба  таваҷҷуҳи  хоса  зоҳир  менамоем,  зеро  дар  ҷумҳурӣ бояд усули   назорати  дорувор  арзи  вуҷуд  дошта  бошад. Ҳоло дар  ҳамаи  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  намояндагиҳои  шуъбаи  мазкур  фаъолият  доранд», —  гуфт Маҳмадалӣ  Давлатов. 
Шуъбаи  назорати  дорувор ҳамчунин  бо  намояндагону тавлидкунандагони  дорувори  кишвар зич  ҳамкорӣ  менамояд. 
Алҳол  Тоҷикистон бо  дорусозони кишварҳои  дигар ҳамкорӣ  намуда,  ҳангоми дар  кишвари  дигар  ошкор  гардидани  таъсири  манфии дору  барои  безарар гардонидани он  ба мақомоти  марбута  хабар  медиҳад. 

Август 19, 2014 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд