Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳлили фаврӣ ниёз доранд

Август 20, 2014 09:23

Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назарзода бо роҳбари Барнома оид ба мубориза бо маводи нашъаовари Фармондеҳии Марказии ИМА Ҷон Повелонес мулоқот намуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ин ниҳод, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни агентӣ ва Фармондеҳии Марказӣ оид ба таҳияи Барномаи мубориза бо маводи нашъаовар муҳокима гардид.
Роҳбари агентӣ дар бораи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, амалиёти муштарак бо усули “интиқоли назоратшаванда”, чорабиниҳои пешгирикунанда, ки аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони дин дар чорчӯбаи таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” гузаронида мешаванд, иттилоот дод.
Рустам Назарзода зикр намуд, ки дар айни ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар омодасозӣ ва такмилдиҳии мутахассисон, хусусан дар соҳаи “қонунигардонии маблағ, ки бо роҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст омадаанд”, инчунин таҳлили фаврӣ ниёз доранд.
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои сохтмони биноҳои маъмурии шуъбаҳои агентӣ дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Дарвоз баррасӣ гардиданд.
Меҳмонон аз сатҳи ҳамкорӣ байни агентӣ ва Фармондеҳии Марказӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз мустаҳкам хоҳанд гардид.

Август 20, 2014 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд