Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2014 17:17

Душанбе, 29.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар маҷлиси навбатии Ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Насиб Каримов Роҳбари муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим, Исмонқул Шоқулов Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва Умеда Воҳидова Роҳбари Муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо таъин гардиданд. Амонулло Саъдуллоев Муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи Барқи Тоҷик таъин карда шуд.Аъзои нави ҳайати мушовараи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсус ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо тасдиқ карда шуд.Сипас ҳисоботи Раиси ноҳияи Ғончии вилояти Суғд шунида шуд. Аз ҷумла бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки майдони кишти картошка дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ин ноҳия аз 314 гектари соли 1991 дар соли 2014 қариб ба 4 ҳазор га расонда шудааст. Шумораи соҳибкорони хусусӣ бошад, аз 123 нафари соли 2000 ҳоло ба зиёда аз 1400 нафар расидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия вазифадор карда шуданд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ғончиро барои солҳои 2016-2020 таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.Ба роҳбарияти ноҳия ҳамчунин доир ба бартараф намудани камбудиҳо дар соҳаи коргузорӣ ва қонуншиканиҳо ҳангоми тақсими қитъаҳои замин ба аҳолӣ барои бунёди манзил супоришҳои мушаххас дода шуд.Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати содирот” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ” пешниҳод гардид.Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 тасдиқ карда шуд.Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсиониро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба омодагӣ ба зимистон, захира кардани маводи ғизоӣ ва омодасозии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба мавсими сармо дода шуд.

Август 29, 2014 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!