Мактаби нав-туҳфа ба соли таҳсил
Хуҷанд, 21.08.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Дадобоев).-Яке аз иншоотҳои муҳими иҷтимоие, ки бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ин ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Бояд гуфт, ки сохтмони бинои нави мактаб бо арзиши 4 млн. 920 ҳазор сомонӣ ба анҷом расида, ба маблағи 321 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти таълимӣ харид шудааст.
Бино дорои 360 ҷойи нишаст буда, 720 нафар хонанда дар ду баст таьсил менамояд. Мактаб дорои 14 синфхона мебошад. Ҳамчунин дар он 6 кабинети фаннӣ, аз ҷумла кабинети забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ, англисӣ, омодагии дифоъ, омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва рӯзгордорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаи суруд ва мусиқӣ низ бо асбобҳои миллии мусиқӣ пурра ҷиҳозонида шудааст.
Мактаб пурра бо мизу курсӣ таъмин буда, масоҳати умумии он 3995 м2 ва масоҳати биноҳои нав 1080 м2-ро ташкил медиҳад.
Инчунин мактаб дорои толори варзишӣ барои 100 нафар (15х20) ва ошхона барои 80 ҷойи нишаст мебошад.
Шумораи омӯзгорон 45 нафар буда, аз он 40 нафар зан ва 5 нафараш мард мебошад. Ҳамаи омӯзгорон таҳсилоти олӣ дошта, аз онҳо 22 нафарро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд.
Шумораи хонандагони мактаб 429 нафар буда, аз он 264 нафарро духтар ва 165 нафарро писар ташкил медиҳад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






