Манфиатҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҲШ

Август 25, 2014 11:03

 
«Тоҷикистон ҳамеша баҳри таҳкими ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай дар асоси эҳтироми ҳамдигарӣ, баробарӣ ва эътибор ба манофеи ҳамдигар саҳми намоёни худро мегузорад» 
                                                             Эмомалӣ Раҳмон
 
Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи ба роҳ мондани сиёсати дурусти дохиливу хориҷӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, онро беш аз 151 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 126 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли беш аз 51 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. 
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст, ки таъмини дастаҷамъии амният, иртибототи фарохи сиёсиву иқтисодиву фарҳангӣ, ҳамёрӣ дар рушди зиндагии ҳамарӯзаи мо аз ҳадафҳои ин созмон аст ва табиист, ки Тоҷикистон манфиатдори тавсеаи ширкати худ дар кори он ва густариши равобит бо кишварҳои аъзост.
Тавре ки мусаллам аст, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) — Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимӣ буда, тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии худ – Хартияи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, мақсаду вазифаҳои асосии худро дорад. Ҳадаф ва вазифаҳои аслии дар доираи ин татбиқшаванда аз таҳкими боварии мутақобила, дӯстӣ ва ҳамҷавории нек миёни давлатҳои аъзо; рушди ҳамкориҳои бисёрҷанба бо мақсади нигаҳдорӣ ва таҳкими сулҳ, амният ва субот дар минтақа, мусоидат ба таъсиси тартиботи нави байналхалқии демократӣ, одилона ва сиёсию-иқтисодии босамар; муборизаи муштарак бар зидди терроризм, сепаратизм (ҷудоихоҳӣ) ва экстремизм бо ҳама гуна зуҳуроти онҳо, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва аслиҳа, дигар намуди фаъолияти ҷиноятии фаромиллӣ, инчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ; ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои босамари минтақавӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг, илмӣ-техникӣ, маориф, энергетика, нақлиёт, молиявӣ-қарзӣ ва дигар соҳаҳое, ки манфиати умумиро ифода менамоянд; мусоидат ба болоравии ҳамаҷониба ва бомувозинати иқтисодиёт, рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тавассути амалҳои муштарак дар асоси шарикии баробарҳуқуқ бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва беҳбудии шароити зисти халқҳои давлатҳои аъзо; ҳамоҳанг намудани мавқеъҳо дар ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ; мусоидат ба таъмини ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон мувофиқи уҳдадориҳои байналхалқии давлатҳои аъзо ва қонунгузории миллии онҳо; нигаҳдорӣ ва рушди муносибатҳо бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ; ҳамкорӣ дар пешгирӣ намудани низоъҳои байналхалқӣ ва ҳалли мусолиҳатомези онҳо; дарёфти муштараки ҳалли мушкилиҳое, ки дар асри XXI ба миён меоянд,иборат аст.
Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин созмони бонуфузи минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, оид ба тавсеаи ҳамгироӣ дар самтҳои амният, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, муносиботи бонкӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, туризм ва амсоли инҳо пешниҳодҳои муфид ба миён мегузорад, ки албатта, аксарияти онҳо мавриди пушдибонии аъзоён қарор гирифта, ба раванди рушди муносиботи ҳасана ва татбиқи босамари чораҳо мусоидат мекунанд. 
Бояд гуфт, ки албатта, тамоми созмонҳо бо ҳадаф ва мақсадҳо хоси худ созмон ёфта, аъзоёни онҳо аз узвият дар он манфиатҳои алоҳида мебардоранд. Тоҷикистон аз узвият дар СҲШ чӣ манфиат бурдааст? Агар ба таърихи фаъолияти ин Созмон нигарем, бисёр манфиатҳоро метавон ном бурд, ки Тоҷикистон дар доираи фаъолият дар СҲШ ба онҳо ноил гардид. Дар баробари дигар кишварҳои аъзои Созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз узвият дар СҲШ манфиатҳои худро дорад, ки онҳо бевосита ба таъмини суботи сартосарӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, бо боло рафтани нуфузи кишвар, таъсирбахшии сиёсӣ дар арсаи байналмиллалӣ ва амсоли инҳо мусоидат мекунанд. 
Тавре ки дар китоби «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият» дарҷ шудааст,  дар сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз самтҳои муҳим роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои фаъол ва судманд бо Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад. 
Аз ҷиҳати геостратегӣ иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ба СҲШ на танҳо давлатҳои дар маҷмӯъ ҳаммарз аъзоянд, балки ду давлати дорои неруи ҳастаӣ ва аъзои доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид – Русия ва Чин шомили он мебошанд. Аз тарафи дигар ин на танҳо таҳкурсии бунёди низоми амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, балки дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором низ ба шумор меояд.
Узвият дар СҲШ дар баробари Русия ва Чин кафолати онро медиҳад, ки манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аз ҷониби ин ду давлат, ки нуфуз ва обрӯи баланди байналмилалӣ доранд, дастгирӣ ёбанд.
СҲШ инчунин имкониятҳои густурдаи ҳамкории бисёрҷонибаро дар самти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба миён меорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 таъкид намуд: «Чун сухан дар бораи минтақа рафт, ташкилоти калонтарини он — Созмони ҳамкории Шанхай ба мадди назар меояд, чунки он аз рӯзи таъсисаш барои ҳалли масоили минтақавӣ, ташкили ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узв дар асосҳои усулан нав ва дигар бахшҳои ҳамкорӣ, ки тадриҷан тамоми соҳаҳои ҳаёти ҳамарӯзаи моро дарбар мегиранд, корҳои зиёдеро анҷом додааст. Дар доираи фаъолияти созмони мазкур дар кишвари мо лоиҳаҳои зиёди дорои хислати умумимиллӣ бунёд шудаанд. Аз ин ҷост, ки мо фаъолияти худро дар чаҳорчӯбаи он густариш дода, муносиботи худро бо аъзои он тақвият хоҳем бахшид.
Яке аз дастовардҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи СҲШ ин таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ мебошад, ки 53 донишгоҳи маъруфи давлатҳои аъзоро дар бар гирифтааст. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ шомил мебошанд. Дар доираи ин ҳамкориҳо ҳамасола даҳҳо нафар аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои маъруфи кишварҳои узви СҲШ, бахусус Русия ва Чин шомил шуда, аз пешрафтҳо ва дастовардҳои илми муосир бархурдор мешаванд, ки албатта мутахассисони дорои маълумоти касбӣ ва аз пешравиҳои ислми муосир бархурдор дар истеҳсолот ва рушди иқтисоди миллӣ барои Тоҷикистон муҳиманд.  
Тазаккур додан ба маврид аст, ки бо кӯшишҳои якҷоя давлатҳои узви СҲШ ба бисёр чизҳо ноил гаштанд ва боз ҳам кӯшиш бар он менамоянд, ки қарорҳои муассири таъминкунандаи ҳифзи сулҳу субот дар минтақа, фароҳам сохтани шароит барои рушди устувор ва беҳсозии ҳолати иҷтимоии халқҳои ин кишваррҳо қабул ва татбиқ гардад. 
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар таъсис ёфтани Созмони ҳамкории Шанхай  пеш аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, таҳкурсии асосӣ гузоштааст.
15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии Сарони давлатҳо баргузор шуд ва дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул гардида, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид.
СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохти сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 30 млн. 189 ҳазор км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 1,5 млрд. нафар ё ¼ аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд.
Барои иҷрои мақсаду вазифаҳои Созмон дар чорчӯбаи он мақомоти — Шӯрои сарони давлатҳо; Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон); — Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ; Машварати роҳбарони вазорат ва/ё идораҳо; Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ; Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ ва Котибот амал мекунанд.
Дар чорчӯбаи СҲШ ҳамчунин Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ва Шӯрои соҳибкорони СҲШ таъсис дода шудааст. Котиботи Шӯрои соҳибкорон дар шаҳри Маскав қарор дорад.
Давлатҳои нозири СҲШ – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ – Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Туркия ва Шри-Ланка мебошанд. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва чиноӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҷаласаи гузаштаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ 13 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуда, ҷаласаи навбатии ин мақоми олии Созмон 11-12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Ин маънои онро дорад, ки аз моҳи сентябри соли 2013 то баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон раисиро дар СҲШ ба зимма дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли раисии худро дар ин Созмони бонуфуз ва батадриҷ рушдёбанда зери шиори – «Ҳамкорӣ, Рушд ва Рифоҳи муштарак» эълон намудааст.
Гуфтанист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротибаи дигар низ ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ-ро ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронида, дорои таҷриба ва иқтидори хуби ташкил ва баргузории он дар соли ҷорӣ низ мебошад. 

Август 25, 2014 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид