Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014
Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 14-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014 дар Эрон ноком шуд. Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14) дар сабқати гурӯҳии марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014, ки аз 4-ум то 9-уми август дар шаҳри Ҳамадони Эрон барпо гардид, аз ҳаққи ширкат дардаври баъдӣ маҳрум гашт.Тавре дар ин бора Кумитаи олимпии кишвар хабар додааст, футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар гурӯҳи «В» 5-уми август аз дастаи Тайланд бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрда, 7-уми август бозиро бо мунтахаби Ироқ бо ҳисоби мусовии 1-1 анҷом доданд ва дар бозии севум 9-уми август аз дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0-2 мағлуб шуданд. Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз дар гурӯҳи «В» дар ҷойи охирин қарор гирифт. Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Ироқ (7 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ (6 имтиёз) ба нимфинал баромаданд. Аз гурӯҳи «А» футболбозони навраси Кореяи Шимолӣ (7 имтиёз) ва Эрон (6 имтиёз) ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Ҳамин тариқ, имрӯз, 11-уми август, дар даври ниманиҳоӣ Кореяи Шимолӣ бо Кореяи Ҷанубӣ ва Ироқ бо Эрон рақобат мекунанд. Бозии ниҳоӣ барои унвони қаҳрамонӣ 13-уми август баргузор мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






