Маркази тиҷоратӣ 900 нафарро соҳиби ҷойи кор менамояд
Душанбе, 12.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе Маркази савдои муосир дар маросими ботантана ба истифода дода шавад. Маркази савдои мазкур дар масоҳати беш аз 17 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, дорои тарабхона барои 120 ҷой, толори маҷлисгоҳ барои 50 нафар, қаҳвахона, олами кӯдакон, таҳхона, ҳуҷраҳои ёрирасон, озмоишгоҳ, тавақуфгоҳ аст. Бинои асосии Маркази савдо се ошёна буда, ҳамзамон дорои фурӯшгоҳи тобистонаи якошёна бо масоҳати беш аз 2500 метри мураббаъ мебошад. Муҳаммадӣ Саъдуллоев- сардори шӯъбаи назорати техникӣ оид ба сохтмони иншоотҳои манзил ва дигар соҳаҳои Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар Маркази савдои муосир моҳи октябри соли 2012 оғоз гардидааст. Фармоишгари иншоот шаҳрдории Душанбе буда, пудратчии сохтмон ҶДММ «Строй -Комплекс» аст. Маркази муосири тиҷоратӣ, ки дар кӯчаи «Меҳнат»-и пойтахт қомат афрохтааст, бо харҷи беш аз 205 миллион сомонӣ бо назардошти хатҳои муҳандисии беруна сохта шудааст. Муҳаммадӣ Саъдуллоев афзуд, ки алҳол 95% корҳо дар сохтмони ин Маркази муосири тиҷоратӣ ба анҷом расонида шуда, корҳои ороиши намои бурунаи бино ва насбу васлкунии дастгоҳу ҷевон ва дигар ҷиҳозҳои мағозаю ҳуҷра ва толорҳо идома дорад. Бо фаъолият шурӯъ кардани ин Маркази замонавии тиҷоратӣ дар пойтахт беш аз 900 нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.Масолеҳи сохтмоние, ки дар бунёди Маркази муосири тиҷоратӣ истифода гардидааст, сохти кишварҳои Русия, Олмон, Туркия, Чин ва Малайзия аст. Дар бунёди ин марказ дар радифи сохтмончиёни маҳаллӣ ҳамчунин мутахассисон аз Туркия ҳам саҳм гузоштаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






