Маросими савгандёдкунӣ дар ВКД

Август 18, 2014 10:18

Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар Вазорати корҳои дохилӣ маросими тантанавии қасамёдкунии курсантҳое, ки имсол ба Донишкадаҳои ҳуқуқии Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дохил шуданд ва кормандоне, ки нав ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабул шудаанд,  бо шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, роҳбарияти раёсатҳо, собиқадорон, ҳайати шахсии ВКД, падару модарон иштирок намуданд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, вазири корҳои дохилӣ қасамёдкунандагонро самимона табрик гуфта, ба онҳо садоқату матонат ва дар хизмати душвору пуршарафашон барору комёбиҳо таманно намуда, ин рӯзро  рӯзи таърихӣ ва хотирмон номид.
«Қабули савганд барои ҳар як ҷавонмарди ҳақиқӣ, нангу номуси ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои олии инсонӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба шумор рафта, бо ёд кардани он, Шумо азизу муқаддас доштани ин сарзамин, ин марзу бум ва давлату миллати куҳанбунёди тоҷиконро собит менамоед»-, афзуд вазир.
Дар маросими савгандёдкунӣ 140 нафар афсари ҷавон, ки аз ин 64 нафарашро шунавандагони Донишкадаҳои ҳуқуқии Академияи ВКД Федератсияи Русия ташкил медоданд, ботантана қасам ёд карданд.

Август 18, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад