Марзшикан ба ҳалокат расид
Хоруғ, 1.08.2014. (АМИТ «Ховар» ,Файз Мирасан).- Кормандони Раёсати Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ дар ҳамдастӣ бо сарҳадбонони қисми марзбонии 2848 дар натиҷаи анҷом додани як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз убури ғайрқонунии марз дар ноҳияи Рушон ҷилавгирӣ намуданд. Марзшикан аз самти деҳаи Почвари вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон бо истифода аз камераи мошин ба ин сӯи соҳил, деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшони Тоҷикистон талоши гузаштан дошт. Бо вуҷуди торикии шаб марзбонони тоҷик хар як ҳаракаташро таҳти назорат гирифта, ҳангоми ба соҳил баромадан ӯро қаблан огоҳ намуданд. Аммо марзшикан ба огоҳии марзбонон аҳамият надода, баръакс мухолифат нишон дода, ба сӯи марзбонон аз автомати Калашников тир кушод ва кушиши фирор аз ҷои ходисаро кард. Бар асари тирпарронии дуҷониба марзшикан аз пой дароварда шуд ва дар макони ҳодиса ба ҳалокат расид. Аз марзбонон касе осеб надид. Ҳангоми таҳқиқ аз макони ҳодиса як адад автомати Калашников бо 18 дона тир, 5 адад бастаи селофанӣ пайдо шуд. Дар даруни бастаҳои селофанӣ маводи хокистарранги монанд ба афюн, ки 5 килограмм вазн дошт,дарёфт гардид. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқот идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






