«Мизони давр» китоби тозанашр
Душанбе, 7.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Мизони давр» зери чунин унвон китоби нави адиби шинохтаи ҷумҳурӣ Муҳаммадрасул Иброҳимзода рӯи чоп омад.«Мизони давр» дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расида, аз қиссаи «Васияти пеш аз марг», «Қиссаи дирӯз» ва ҳикояи воқеии «Зане дар никоҳи ду мард» мураттаб гардидааст.Муаллиф дар асари хеш хонандаро ба таърихи аҷдодии миллати тоҷик , пос доштани илму маърифат ва фарҳангу тамаддуни ҳазорсола , бедор намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ водор намудааст. Муҳаммадрасул Иброҳимзода ҳамчунон хонандаи асарро ба пайравӣ намудан аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари Давлат ва амал намудан ба изҳори насиҳатҳои падаронаи Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намудааст.Ба китоби мазкур Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо пешгуфтор навишта, дар он изҳори хушнудӣ намудааст, ки дар саҳфаи адабиёт боз чунин як асари ҷадид ва хонданӣ рӯи чоп омадааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






