ММТ : Холҳои бадастовардаи довталабон
Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст овардаанд, мерасонад, ки барои боварӣ ҳосил кардан нисбати холҳои бадастовардаашон ба ҳуҷраҳои инфиродии худ ворид гардида, варақаҳои ҷавобҳои худ (ҳам қисми А ва ҳам қисми Б)-ро чоп карда, бо ҷавобҳои дурусти тест муқоиса намоянд. Барои муқоисаи ҷавобҳо инчунин доштани китобчаҳои тест, ки дар имтиҳонҳо истифода кардаанд, низ зарур аст. Пас аз муайян кардани холҳои бадастоварда бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба баллҳо вобаста аз кластерҳо баллҳои шкалабандишударо низ муайян намудан мумкин аст.Ба иттилои Ситорабону Назарова сухангӯи марказ,пас аз иҷрои амалҳои дар боло зикргардида худи довталаб боварӣ ҳосил мекунад, ки дар гирифтани холҳои гузариши фаннӣ ва баллҳои шкалабандишуда ба ӯ касе кӯмак накардааст ва ин танҳо натиҷаи кори анҷомдодаи худи довталаб аст. Гуфта мешавад, ки дар вақти тақсимот ба ихтисосҳои интихобкарда тавассути барномаи компютерӣ касе ба довталаб кӯмак карда наметавонад, ба ҷуз аз баллҳои сазоворгардидаи худи довталаб.Дар сурати ворид шудан ба ҳуҷраи инфиродӣ маълум гардад, ки ҷойи нишаст, рақами штрихкоди варақаҳои ҷавобҳо ва варианти тест ба якдигар мувофиқат намекунад, довталаб бояд фавран бо телефонҳои 224-53-66 ва 224-53-67 ба марказ муроҷиат намояд. Бояд таъкид намуд, ки ҳар як довталабро зарур аст, ки ҳушёриро аз даст надода, фирефтаи ашхоси қаллобу мардумфиреб нагардад ва ба овозаҳои беасосу бардурӯғ дода нашавад. Итминони комил дошта бошед, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шаффофу одилона баргузор гардида, дониши довталабон ба таври воқеӣ арзёбӣ мешавад.








Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат






