Муҳимтарин ахбори олам

Август 22, 2014 11:33

 Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-   Мувофиқи иттилои шабакаи телевизионии Рашн-Тудей Ҳукумати Амрико барои хабарнигори кушташудаи амрикоӣ  Ҷеймс Фоли ва озод кардани дигар гаравгонҳо аз асорати ҷангҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Сурия қарор баровардааст. 
 
   Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар шабакаи интернетии Би-Би-Си навишта шудааст, шоми дирӯз се фармондеҳи баландрутбаи исроилӣ дар як ҳамлаи ҳавоии дар шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза кушта шудааст. Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз шуруъи дигарбораи ҷанг байни фаластиниёну Исроил изҳори нигаронӣ кардааст.
 
   Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Хабаргузории Ройтерз рӯзи панҷшанбе, 21 августи соли равон  иттилоъ дод, ки  Эрдуғон ҳалли масъалаи Фатҳуллоҳ Гулен, аз раҳбарони пурнуфузи динии Туркия, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, раванди сулҳ бо курдҳо ва Қонуни асосии нави Туркияро аз авлавиятҳои ҳукумати Аҳмад Довудуғлу унвон кардааст. Эрдуғон гуфтааст, ки агар ҳайати кунгураи ҳизби ҳоким вайро таъйид кунад, Аҳмад Довудуғлу курсии нахуствазириро ба уҳда хоҳад гирифт.
 
      Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз Президенти Иёлоти Мутаҳидаи Амрико  Барак Обама ба тамоми васоити ахбори оммаи кишвараш гуфт, ки  ҳодисаи сарбурии журналист бо дасти ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» тавассути наворҳои видеоӣ дастраси ҳамагон шуда, тамоми ҷаҳон аз ҳодисаи қатли журналисти амрикоӣ Ҷеймс Фоли даҳшатзада шуданд.
Президенти Амрико «Давлати исломӣ»-ро ба вожаи “саратон” шабоҳат дод, ки “идеологияи он оянда надорад”. Ва низ қайд намуд, ки ба хотири  ҳимояти мардумаш бо тундгароҳо мубориза хоҳад бурд ва ҳар кореро, ки бояд бикунад, анҷом хоҳад дод. Ӯ гуфт, ки  барои «Давлати исломӣ» дар қарни 21 “ҷой нест”.
 
 

Август 22, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд