Муҳимтарин ахбори олам

Август 26, 2014 16:52

Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Президентони Русияву Украина Петро Порошенко ва Владимир Путин имрӯз, 26 август дар нишасти сарони Иттиҳодияи гумрукӣ дар Минск ширкат варзиданд. Бояд гуфт, ки дар нишасти мазкур Президенти Беларус Александр Лукашенко ва Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аъзои Иттиҳодияи гумрукӣ ва ҳам намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ширкат мекунанд.  Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Раисиҷумҳури Афғонистон дар мулоқот бо Ян Кубиш, намояндаи вижаи СММ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта таъкид кардааст, ки 2 сентябри соли равон муҳлати ниҳоии маросими савгандёдкунии президенти нав буда ва ин вақти муайяншуда қобили тамдид нест. Вай гуфтааст, тӯлонӣ шудани раванди интихобот ба вазъи амниятӣ ва иқтисодии кишвар таъсири манфӣ гузоштааст. Душанбе,26.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба 23-юмин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Украина дар майдони Истиқлоли Киев, маъруф ба Майдон якуним ҳазор сарбозу афсар ширкат карданд ва неруҳои мусаллаҳи Украина бо намоиши тӯпхонаву системаҳои мушакӣ қудрати худро ба намоиш гузоштанд. Президенти кишвар Петро Порошенко дар суханронии худ гуфт, ки Украина барои мусаллаҳу муҷаҳҳаз кардани артиши давлаташ дар солҳоим 2015-2017 зиёда аз 3 миллиард доллар харҷ хоҳад кард.Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи шанбеи ҳафтаи равон шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира гуфтааст, Вазорати амнияти Курдистони Ироқ гузориш додааст, ки садҳо неруи низомии Эрон барои ҷанг бо неруҳои «Давлати исломӣ»-и Ироқ вориди хоки Ироқ шудаанд. Вале дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ гуна неруи низомӣ ба Ироқ нафиристодааст ва барномае дар ин бора надорад.

Август 26, 2014 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!