Муҳокимаи ҳуқуқҳои маъюбон
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). – Бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Иштирок» — и «Лигаи занони маъюб» пайваста бо мушорикати созмонҳои байналмилалии UNDESA и Handicap International 19 август дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии «Омӯзиш ва табодули таҷриба ҷиҳати пайвастан ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» ба кор шурӯъ намуд. Ин чорабинӣ дар ҳошияи лоиҳаи «Дарёфт ва рушди малакаҳои аввалия байни занони маъюби Тоҷикистон» роҳандозӣ шуд, ки он аз ҷониби Бунёди байналмилалии Абилис маблағгузорӣ мешавад. Назар ба гуфтаи созмондиҳандагони конфронс, мақсад аз он омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар ҷиҳати пайвастан ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва табодули афкору таҷриба барои бунёди ҷомеаи инклюзивии маъюбони Тоҷикистон аст. «Созмонҳои ҷамъиятии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутмаинанд, ки пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсия маънои аз ҷониби давлату ҷомеа дастгирӣ шудани принсипҳои ин ҳуҷҷати муҳими байналмилалиро дорад», — гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Созмони ҷамъиятии «Лигаи занони маъюб» Саида Иноятова.Дар ҷараёни конфронс дар мавзӯъҳои омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар амри имзою тасдиқ ва рӯи кор овардани Конвенсияи СММ ва ҳуқуқҳои маъюбон, табодули ахбор аз рӯи вазъи маъюбони Тоҷикистон, таҳлили мутобиқати қонунгузории миллии ҶТ бо Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, таҳлили имкониятҳои иқтисодии ҶТ барои тасдиқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, ҳамкории миллию минтақавӣ барои татбиқи ҳуқуқҳои маъюбон ва ғайра гузоришҳо дода шуданд. Дар конфронс намояндагони дастгоҳи Президенти ҶТ, Парлумон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Вазорати маориф ва илми ҶТ, ҳамчунин идораю сохторҳои дигари кишвар, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятии бахши татбиқи ҳуқуқу имкониятҳои маъюбон ширкат доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






