Мулоқоти Э.Раҳмон бо Чанг Унг
Душанбе, 06.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF), Раиси Кумитаи намудҳои якҳарбаи Ассотсиатсияи генералии федератсияҳои варзишии GAISF Чанг УНГ-ро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот доир ба омодагӣ ва ҷараёни мусобиқоти чемпионати ҷаҳон доир ба таэквондо (ITF), ки ҳоло дар Тоҷикистон идома дорад ва рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа гуфтгӯй сурат гирифт.Чанг Унг ба омодагии Тоҷикистон барои ташкил ва гузарондани ин чорабинии муҳими ҷаҳони варзиш баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва масъулони соҳа арзи сипос намуд.Ҳамчунин ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар ин бахши варзиш, ки дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ натиҷаҳои хеле баланд нишон медиҳанд, баҳои сазовор дода шуд.Дар охири мулоқот ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон камарбанди сиёҳи 9-ум дан бо сертификати он ва кемано супурда шуд, ки нишона аз қадрдонии олии Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) мебошад.Хотиррасон бояд намуд, ки камарбанди сиёҳи 9-ум дан дар низоми таэквондо аз ҳама қуллаи баландтарин ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






