Мулоқоти Э. Раҳмон бо Э. Каплан
Душанбе, 01.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Инглистон Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминии аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ шуд.Тавре зикр гардид, ширкати Гленкоае АГ тасмим дорад, ки дар навсозии технологии КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” саҳмгузор шуда, иқтидори истеҳсолии онро барқарор созад.Корпоратсияи фаромиллии Гленкор ва ширкатҳои фаръии он ҳамчунин тасмим доранд, ки дар кори ба истихроҷ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ гузарондани КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” фаъолона иштирок намоянд.Корпоратсияи фаромиллии Гленкор инчунин иштирокдори фаъоли тендери байналмилалӣ барои кор дар Кони Мансур буда, азм дорад, ки дар истихроҷу коркарди захираҳои фаровони нуқра, мис ва дигар маъданҳои Тоҷикистон саҳм гузорад.Хотиррасон бояд намуд, ки корпоратсияи Глинкор бо КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” аз соли 2007 ба ин сӯй ҳамкорӣ дорад ва кунун роҳбарияти он тасмим гирифтааст, ки доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон тавсиа бахшад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






