Мулоқоти Э.Раҳмон бо М.Алави

Август 11, 2014 19:40

Душанбе, 11.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири иттилооти (амнияти) Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Алавиро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи бештар ба рушди ҳамкории амниятӣ ва густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар зоҳир шуд.Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Эрон метавонанд барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, аз ҷумла дар мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон нақши намоён дошта бошанд.Гуфтугӯйи судбахш, ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду давлат сурат гирифт.

Август 11, 2014 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид