Мулоқоти И.Сатторов бо И.Слюняев
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо вазири рушди манотиқи Федератсияи Русия Игор Слюняев мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз Сафорати ҶТ дар ФР хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин омодагӣ ба Конфронси сеюм оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия ва Ҳамоиши 1У байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон: имконияти ҳамкории байниминтақавӣ» — ро, ки моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мегарданд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ҷараёни конфронс масоили ҳамкории байниминтақавӣ дар бахши таҳсилоти касбӣ, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамчунин дурнамои рушди равобити мустақими ниҳодҳои Русия ва Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои дуҷониба баррасӣ мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






