Мулоқоти Р.Назарзода бо Ҷ. Повелонес
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). – 19 август директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода бо роҳбари барномаи мубориза бо маводи мухаддири ҳайати фармондеҳии Артиши ИМА Ҷон Повелонес мулоқот анҷом дод.Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба дар мавриди татбиқи барномаи мубориза бо маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Мувофиқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, Рустам Назарзода меҳмононро аз ҳамкории Агентӣ бо ҳамтоёнаш аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия, ҳамчунин аз фаъолиятҳои муштарак воқиф намуд. Зикр шуд, ки дар вазъияти имрӯза мутахассисони Агентӣ ба такмили ихтисосашон хусусан дар бахши мубориза бар зидди «пулшӯӣ» бо василаи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар зарурат доранд.Зимни мулоқот ҳамчунин масоили бунёди биноҳои маъмурии шуъбаҳои Агентии назорати маводи нашъаовар дар ноҳияҳои Ҷиргатолу Дарвоз муҳокима шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






