Мулоқоти С.Аслов бо М.Йенча
Душанбе, 11.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- 11 августи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Мирослав Йенчаро ба ҳузур пазируфт.Дар рафти мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.Ҳамчунин як зумра масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла идоракунии захираҳои обӣ дар минтақа, робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, омодагӣ ба Саммити дарпешистодаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва масоили Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






