Мулоқоти Сарвазир бо намояндаи СММ

Август 12, 2014 11:55

Душанбе, 12.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, Роҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча мулоқот кард.Зимни сўҳбат дар маҷмўъ масоили вобаста ба ҳамкориҳои минтақавӣ, хусусан таъмини суботу осоиштагии минтақа, таҳкими ҳамкориҳо дар идораи захираҳои обу энергетика, нақлиёту комуникатсия ва табодули молу маҳсулот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Тавре таъкид гардид, СММ татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии сохтмони роҳҳои оҳан, хаттҳои интиқоли барқ ва газро, ки дар оянда ба пешрафти иқтисодиёт ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолии кишварҳои минтақа мусоидат менамоянд ҷонибдорӣ карда ба нақши Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва дарёфти роҳҳои мусолиҳатомези ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақа баҳои баланд медиҳад.Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамзамон атрофи дигар мавзўҳои мавриди таваҷҷўҳ аз ҷумла доир ба раванди омодагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баргузории ҷаласаи Шўрои Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай табодули афкор намуданд.

Август 12, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад