Мулоқоти Ш.Саид бо Г. Салинган
Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо муовини директори Маркази байналмилалии рушди бахши инфиродии Барномаи рушди СММ воқеъ дар шаҳри Истанбули Туркия Гулчин Салинган мулоқот анҷом дод.
Назар ба иттилои маркази матбуоти ПСС ҶТ, мусоҳибон рушди бахши инфиродии соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
«Густариши имкониятҳои инсон ва вусъат бахшидани фаъолияти он ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, такомули фаъолияти инсон маҳаки асосии фаъолияти муваффақонаи кишвар ва стратегияи интихобкардаи он дониста мешавад», — гуфт Шариф Саид.
Гулчин Салинган дар навбати худ зарурати рушди сохторҳои маҳаллии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардумро ба таври махсус қайд намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






