Мусодираи беш аз 25 кг маводи нашъадор

Август 26, 2014 10:48

Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Зимни як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шуъбаи ВКД дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе сокини 56-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ Назар Дӯстмуродов, бо гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд. ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ў ба миқдори 8 кг 50 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 17 кг 150 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира гардид. Вазни умумии маводи нашъадори мусодирашуда 25 кг 200 граммро ташкил медиҳад. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.

Август 26, 2014 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст