Мусодираи беш аз 25 кг маводи нашъадор
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Зимни як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шуъбаи ВКД дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе сокини 56-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ Назар Дӯстмуродов, бо гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд. ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ў ба миқдори 8 кг 50 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 17 кг 150 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира гардид. Вазни умумии маводи нашъадори мусодирашуда 25 кг 200 граммро ташкил медиҳад. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






