Нахустин филми мустанад дар бораи 40-солагии ДДСТ
Душанбе, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар нимсолаи аввал чор спектакли ҳимояи дипломии хатмкунандагони театри бадеии шуъбаи актёри драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар толори Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва донишкада намоиш дода шуданд.Диловар Латифов-ректори донишкада зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт: «Донишкада барои фаҳмиш, малака ва донишомӯзӣ донишҷӯёнро ба тамошои намоишҳои Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонон, Театри опера ва балет, Театри русӣ-драмавии Маяковский сафарбар кард, ки то имрӯз ташобинон намоишномаҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Комде ва Мадан», «Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино», «Шомгоҳи Миср», «Операи Рӯдакӣ», «Қишлоқи тиллоӣ», оратория-балети «Мақоми ишқ», операи нави Мустафо Бафоев «Борбад», нахустнамоиши мазҳакаи драманависи машҳури итолиёӣ Карло Голдонӣ «Моҷаро»-ро тамошо карданд».Дар нимсолаи аввали соли равон ба пешвози ҷашни 100-солагии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, профессор Азиза Азимова бо роҳбарии сарбалетмейстер, роҳбари бадеии ансамбл, дотсент, мудири кафедраи рақси донишкада М. Искандаров консерти ҳисоботӣ-эҷодии ансамбли “Бунафша” баргузор гашт. Инчунин, донишкада дар даври аввали Фестивал-озмуни ҷӯмҳуриявии “Андалеб” аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баромад карда, сазовори ҷойи аввал гардид. “Бори аввал дар бораи 40-солагии фаъолияти донишкада аз ҷониби устодон филми мустанад таҳия ва ба тамошобинон пешкаш гардид”-иброз намуд Д. Латифов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






