Нахустин интихоботи мустақими президентӣ дар Туркия
Истамбул, 11.08.2014. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). — Интихоботи президентӣ бори нахуст дар таърихи кишвар тариқи овоздиҳии мустақим 10 — уми август дар Туркия баргузор гардиданд.Тибқи иттилои матбуоти Туркия, дар интихоботи президентӣ Сарвазири кунуни ва рохбари ҳизби ҳоким Адолат ва Рушд Реҷеп Тайип Эрдоган бо гирифтани 52 % овозҳо ғолиб омадааст. Рақиби асосии ӯ — номзад аз ҳизби мухолиф Экмелиддин Ихсаноглу 38,9 %-и овозҳоро ба даст овард. Барои номзади 3-юм ба мақоми президентӣ — ҳамраиси ҳизби халқии демократии про-курд Селахаттин Демирташ ҳамагӣ 9 % аҳолии Туркия овоз додаанд.Аз 56 миллион интихобкунанда зиёда аз 40 миллионашон дар интихоботҳо иштирок кардаанд. Иштирок дар интихоботҳо 73,1 % — ро ташкил дод.Нуқтаҳои овоздиҳӣ аз 8:00 субҳ то 17:00 бегоҳ бо вақти маҳалли интихобкунандагонро қабул кардаанд. Дар рафти овоздиҳӣ дар кишвар фурӯши маҳсулоти спиртӣ бахусус дар ҷойҳои ҷамъияти ва инчунин баргузории чорабиноҳои фараҳбахш манъ гардидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






