Насби телетрапҳои испанӣ дар фурудгоҳи байналмилалӣ

Август 11, 2014 10:42

Душанбе, 11.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар терминали нави сохташавандаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насби телетрапҳо идома дорад. Телетрапҳо сохти Испания буда, аз ин кишвар тавассути киштӣ то бандари Туркия оварда шуда, баъдан тариқи роҳи заминӣ аз Туркия ба Душанбе интиқол дода шудааст. Муҳммадюсуф Шодиев -котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки насби телетрапҳо дар терминали нави сохташвандаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имкон медиҳад, ки раванди фаромадан ва саворшавӣ ба ҳавопаймо тезонида шуда, мусофирон дар самтҳои алоҳида ҳаракат намуда, вобаста ба доштани нишебии хос бидуни истифода аз зина ё лифт вориди ҳавопаймо шаванд ё берун оянд. Ҳамзамон бо насби телетрапҳо кори кормандони перрон осон гардида, телетрапҳо вазифаи автобусҳои перрониро низ ба худ мегиранд. Тибқи лоиҳа терминали нави сохташавандаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дорои ду телетрап буда, он имкон медиҳад, ки дар як вақт ба 4 ҳавопаймо хизмат расонад. Долонҳои телетрап барои ҳаракат ҷониби ҳавопаймо ва баръакс аз ҳавопаймо ҷониби терминал аз ҳам ҷудо буда, дар алоҳидагӣ фаъолият менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки фурудгоҳҳои замонавиро бидуни телетрап тасаввур кардан ғайриимкон аст. 60 сол муқаддам аниқтараш, соли 1954 нахустин маротиба телетрап дар терминали дуюми фурудгоҳи Сан-Франсискои Амрико истифода шуд ва бартарияти худро нишон дод. Аз ҳамон солҳо инҷониб истифодаи телетрап дар нақлиёти баҳрию заминӣ ба таври густурда рушд кардааст.

Август 11, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад