Оғози бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон
Душанбе, 26.08.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Пагоҳ, 27-уми август бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешаванд. Бино ба иттилои ФФТ, дар ин марҳилаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон 9 дастаи лигаи олӣ — «Истиқлол»-и (Душанбе), «Хайр»-и (Ваҳдат), «Парвоз»-и (Бобоҷон Ғафуров), «Хуҷанд»-и (Хуҷанд), «Энергетик»-и (Душанбе), «Регар-ТадАЗ»-и (Турсунзода), «Далерон-Ӯротеппа»-и (Истаравшан), «Равшан»-и (Кӯлоб) ва ССКА «Помир»-и (Душанбе), инчунин, панҷ дастаи лигаи аввал — «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳосилот» (Фархор), «Эсхата» (Хуҷанд), «Ваҳдат» (Ашт) ва «Исфара»-и (Исфара» иштирок мекунанд. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар асоси қуръакашӣ барои Ҷоми Тоҷикистон-2014 аз даври чорякниҳоӣ мубориза мебарад. Рақибаш ғолиби ҷуфти «Хайр»/«Далерон-Ӯротеппа» мешавад.Бозиҳои даври аввал рӯзи 27-уми август, бозиҳои ҷавобӣ 8-уми сентябр баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон имсол дар назар аст 22-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






