Оқибатҳои бади садамаҳои нақлиётӣ
Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода ). – Рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои ҷумҳурӣ чор садамаи нақлиётӣ рух дод.
Назар ба хабари ВКД ҶТ, ронандаи мошини тамғаи «Opel-Astra» Далер Бобоҷонов ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳраки Гулоби ноҳияи Бохтар аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, сокини деҳа Мавҷинисо Азизоваро пахш кард, ки дар натиҷаи ин ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта дар беморхона ҳалок гардид.
Дар ҳудуди ҷамоати деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи мошини «Hyundai Starex» Исмоил Азимов, ки аз шаҳри Душанбе сӯи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаракат мекард, бехатарии амнияти ҳаракатро таъмин накарда, сокини ноҳияи Мӯъминобод Баҳром Табаровро пахш намуд, ки ҷабрдида дар роҳи сӯи беморхона ҷон дод.
Худи ҳамон рӯз ронандаи мошини тамғаи «Volkswagen Golf» Парвиз Ашӯров — сокини шаҳри Душанбе, дар 88 – ум километрии ҳудуди ҷамоати деҳаи Бохтариёни ноҳияи Бохтар аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, Мустафо Сафоеви чорсоларо пахш намуд, ки бар асари он кӯдак ҷароҳатҳои вазнин бардошта дар беморхона ҳалок шуд.
Ронандаи сечархаи «Скутер» Шайдо Насриддинов — сокини ноҳияи Ванҷ, низ қоидаҳои ҳаракати нақлиётро вайрон намуд. Номбурда ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ваҳдат ҷониби шаҳри Роғун ба мошини тамғаи «Hafei», ки онро сокини ноҳияи Файзобод Манон Ҷалолов идора мекард, бархӯрд.
Шайдо Насриддинов ҷароҳатҳои вазнин бардошта дар беморхона фавтид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






