Омӯзгорони Беларус дар Суғд
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Ҷумҳурии Беларус аз кишварҳоест, ки даҳшати Ҷанги Бузурги Ватаниро дар сарзамини худ эҳсос намудааст. Дар набардҳои шадиди ин ҷанг чандин ҳазор фарзандони тоҷик қаҳрамониҳо нишон дода, қисми зиёди онҳо барои озодии ин миллату диёр қурбон шудаанд. Яке аз онҳо ҳамдиёри мо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ — Домулло Азизов аст.
Мардуми сипосгузори беларус номи ин қаҳрамонро ба яке аз кӯчаҳои пойтахти кишварашон — шаҳри Минск ва инчунин яке аз мактабҳои ин кишвар гузоштаанд.
Мавриди зикр аст, ки тайи чанд рӯз ба хотири ҷамъоварӣ намудани маълумоти бештар аз ҳаёту зиндагӣ ва шиносоӣ бо пайвандони Домулло Азизов директори мактаби миёнаи № 53 шаҳри Минск Наталя Потеенко ва омӯзгор Наталя Овчинникова ба Тоҷикистон омадаанд.
Омӯзгорон, ки дар айни ҳол дар Хуҷанд қарор доранд, мегӯянд, ки мардуму миллати беларус ҳамеша хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ медоранд.
Ҳадаф аз сафари омӯзгорони беларусӣ шиносоии онҳо бо ҳаёту фаъолияти Д. Азизов ва пайвандони ӯ мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






