Омодагӣ ҷиҳати баргузории Рӯзҳои шаҳри соҳили Нева
Душанбе, 26.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 90-солагии Душанбе дар пойтахт Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки бо Душанбе пайванди бародаршаҳрӣ дорад, баргузор мегарданд. Дар робита ба ин, масоили марбут ба ҷузъиёти барномаи баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар пойтахт зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати гурӯҳи кории Санкт-Петербург таҳти роҳбарии Дмитрий Черненко — раиси кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург дар Душанбе матраҳ гардид. М. Убайдуллоев зикр кард, ки баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе, ки дар доираи тантанаҳои ҷашни 90-солагии пойтахт рост меояд, дар муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва таҳкими робитаҳои ҳасанаи ду шаҳри бародар нақши муассир мегузорад. Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ҳамкории ду бародаршаҳр -Душанбе ва Санкт Петербург дар башҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, омӯзиши забони русӣ баррасӣ гардиданд. Дар фарҷом доир ба баргузории Рӯзҳои шаҳри соҳили Нева дар Душанбе гурӯҳҳои корӣ созмон дода шуданд. 9.11.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






