Омодагии «дарвозаи шаҳр» ба қабули меҳмонҳо
Душанбе, 25.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Омодагии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба қабули сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки ҷиҳати иштирок дар саммити сарони СҲШ дар нимаи аввали моҳи сентябр озими Душанбе мегарданд, дар кадом сатҳ аст? Дар посух ба саволи хабарнигори «Ховар» Муҳаммадюсуф Шодиев, котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» гуфт, ки ҷиҳати омодагӣ ба қабули сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар асоси дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба роҳбарият ва ҳайати кормандони «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ироа гардидаанд, дар зарфи ду моҳи охир корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, таваққуфгоҳҳои ҳавопаймоҳо ва тамоми роҳравҳои фурудгоҳ таъмиру тармим гардида, бо дастгоҳҳои муосир ҷиҳозонида шуданд. Инчунин он тайёраҳое, ки муҳлати истифодаашон гузаштаанд, ба таваққуфгоҳҳои атрофи фурудгоҳ интиқол дода шуданд.
Ҳамзамон Муҳаммадюсуф Шодиев афзуд, роҳбарият ва ҳайати кормандони беш аз 1000-нафараи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар доираи омодагӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад, тамоми тадбирҳои заруриро андешида, нақшаи чорабиниҳоро тартиб додаанд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тарҳрезишуда, имрӯзҳо корҳои тозагию ободонӣ, насби шиору навиштаҷот, сабзгардонӣ, хусусан шинонидани гулу буттаҳо ва дигар ниҳолҳои ороишӣ дар фурудгоҳ бо суръат идома дошта, ҳамзамон бобати баланд бардоштани сатҳи муоширати кормандони фурудгоҳ, ба бар намудани либосҳои шинаму расмӣ ва тартибу интизоми корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд, зеро фурудгоҳ дарвозаи шаҳр буда, кормандонаш бо сатҳи баланди хизматрасонӣ ва муошират муаррифгари симои миллати тоҷиканд, афзуд М. Шодиев.








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






