Омодагии Душанбе ба Саммити Сарони СҲШ
Душанбе, 12.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Душанбе ба ҷашнҳои бузурги миллӣ — таҷлили 23-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии Душанбе ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай омодагии ҷиддӣ мебинад. Дар ин росто зимни баргузории ҷаласаи ихтисосӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарони 16 меҳмонхонаи давлатию хусусӣ ва кулли бозорҳои шаҳрро муваззаф намудааст, ки ҷиҳати қабул ва дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба меҳмонҳо омодагии ҷиддӣ гиранд. Ҳамзамон раиси шаҳр аз фаъолияти роҳбарону масъулини сохторҳои пойтахт ҷиҳати тозаю озода, сабзу хуррам гардонидан, ба тартиб даровардани намои биноҳо, таъмири роҳу пиёдаравҳои маҳаллаю шаҳракҳо ва иншооти ғайриқонунӣ изҳори нигаронӣ намуда, дастур додааст, ки фаъолияташонро бознигарӣ намуда, ҳар рӯз соати 18:30 оид ба корҳои анҷомдодаашон ба раиси шаҳр иттилоъ ироа созанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






