Омодагии хуби Душанбе барои баргузории Чемпионати ҷаҳон
Душанбе, 06.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Тоҷикистон, ки бори нухуст мизбони чунин Чемпионати ҷаҳонӣ аст, комилан ба ин чемпионат омодагӣ дидааст. Зикр гардид дар нишасти хабарие, ки дирӯз бо иштироки масъулини Федератсияи таэквандо ва кикбоксинги Тоҷикистон ва намояндагони федератсияҳои хориҷ аз кишвар оид ба таэквандо доир гардид.Бино ба иттилои масъулин дар ин Чемпионати ҷаҳон, ки аз 2-юм то 11-уми август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, беш аз 600 варзишгар аз 50 кишвари олам иштирок ва барои 130 медал миёни ҳам рақобат хоҳанд кард. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 43 варзишгар дар вазнҳои гуногун муаррифӣ мекунад.Ёдрас мешавем, ки ин бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Федератсияи миллии таэквандо ва кикбоксинги Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии таэквандо роҳандозӣ ва гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






